Ҳамлагарон дасти рӯзноманигори "Новая газета"-ро шикастаанд
Рӯзноманигори нашрияи "Новая газета" Елена Милашина, ки ҳамроҳи вакили дифоъ Александр Немов дар Чеченистон мавриди ҳамла қарор гирифта буд, дар бемористони Маскав аз ташхис гузаштааст.
Табибон муайян кардаанд, ки устухони мағзи сари Милашина осеб дидааст ва чанд ҷои дастонаш шикастааст.
"Вазъи рӯзноманигор муътадил аст", - иттилоъ додааст нашрияи "Новая газета" бо истинод ба табибон. Дар бораи вазъи саломатии Немов хабар дода намешавад.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи тафтишотии Чеченистон хабар додааст, ки дар робита ба латукӯби рӯзноманигори "Новая газета" ва вакили дифоъ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Парванда бар асоси банди "расонидани зарари сабук ва миёна ба саломатӣ" боз карда шудааст.
Елена Милашина ва Александр Немовро 4 июл дар Чеченистон латукӯб кардаанд. Тибқи иттилои "Команда против пыток", шахсони ношиноси ниқобпӯш мошини таксии рӯзноманигор ва вакили дифоъро дар роҳ, ки аз фурудгоҳи шаҳри Грозний мерафтанд, боз дошта, онҳоро латтукӯб кардаанд.
Милашина ва Немов барои иштирок дар эъломи ҳукми Зарема Мусоева, ки моҳи январи соли 2022 аз ҷониби пулиси Чеченистон дар Нижний Новгород рабуда шуда буд, ба Грозний сафар карда буданд.