Таъмири Неругоҳи барқӣ-ҳастаии Манғистау ба поён расидааст
Таъмири блоки энержии рақами 1-и Неругоҳи барқӣ-ҳастаии Манғистауи Қазоқистон дар шаҳри Актау ба поён расидааст.
Дар ҳукумати вилояти Манғистау хабар доданд, блоки мазкур, ки ҳафтаи гузашта аз кор монда буд, субҳи 6 июл дубора фаъол шудааст.
"Таъмир тибқи ҷадвал ҷараён дошт, вале чанд соат пеш аз вақти муқарраршуда ба поён расид", - гуфтанд дар ҳукумати Манғистау.
Дар Неругоҳи барқӣ-ҳастаии Манғистау рӯзи 3 июл садама рух дод ва дар натиҷа блоки энергетикии рақами 1-и он аз кор монд.
Садама боиси қатъи густардаи нерӯи барқ, қатъи интиқоли об ба ҳазорон сокини Манғистау, шаҳри Атирау ва ҳамчунин аз кор мондани корхонаҳои нафтӣ дар ғарби Қазоқистон шуд.