Як ҳамкори духтари Назарбоев дар Дубай боздошт шудааст
Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон мегӯяд, Шнар Мухторова, ки аз ӯ ҳамчун муассиси ширкати "Оператор РОП" ном бурда мешавад, дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шудааст.
Мухторова бо гумони "дуздӣ дар ҳаҷми махсусан калон" таҳти пайгард қарор дошт.
"Вай бо мусоидати пулиси байналмилалӣ ё Интерпол дар шаҳри Дубай дастгир ва ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ҳоли ҳозир Додситонии кулли Қазоқистон бо иҷрои расмиёти истирдоди ӯ машғул аст", - омадааст дар иттилоияи хадамот.
Қаблан гуфта мешуд, Мухторова дар дуздии 920 миллион танга, ки барои партови воситаҳои нақлиёт дар Қазоқистон ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ шуда буд, муттаҳам мешавад.
Дар Қазоқистон молиёт барои партови воситаҳои нақлиётро ширкати "Оператор РОП" ҷамъ мекард. Ин ширкатро, ки соли 2015 таъсис ёфта буд, ба Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рабт медоданд.
Ҳукумати Қазоқистон 19-уми январ бо дастури президент Қосимҷомарт Тоқаев қарори манъи фаъолияти "Оператор РОП"-ро содир кард.