Интихоботи Узбекистонро 785 нозири байналмилалӣ назорат мекунад
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон 785 нозири байналмилалиро ба қайд гирифтааст, ки қарор аст, интихоботи президентии ин кишварро назорат кунанд.
Тибқи иттилои нашрияи "Дунё", ҳамчунин 1299 намояндаи расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ барои бозтоби интихобот сабтином шудааст.
Интихоботи зудрас дар Узбекистон рӯзи 9-уми июл таъйин шудааст.
Улуғбек Иноятов аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Робахон Маҳмудова аз Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат", Абдушукур Ҳамзаев аз Ҳизби экологӣ ва Шавкат Мирзиёев аз ҳисоби Ҳизби либерал-демократии Узбекистон номзад ба мақоми президентии он кишвар ҳастанд.