Муовини раиси "Ориёнбонк" дигар зинда нест? Рӯ задани наворе дар қазияи Исматуллозода
Рӯзи 7 июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки корбарон онро ҷузъиёти нави парвандаи рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” мешуморанд. Дар куҷо ва кай сабт шудани ин навор маълум нест.