"Моро таҳқир мекунанд." Номаи тоҷики узбекистонӣ аз зиндони Русия
Зафар Ёқубов, як тоҷики узбекистонӣ, ки ба гуноҳи узвият дар созмони мамнӯи "Ҳизби Таҳрир" дар Русия зиндонӣ шудааст, мегӯяд, дар маҳбаси рақами 26-и вилояти Самара "мусулмононро таҳқир мекунанд". Созмони “Мемориал” ӯро маҳбуси сиёсӣ донистааст.