Танӯрсозӣ. Олмахон Ғозиева қолабҳоро шикаст
Сохтани танӯрро, ки қувваи зиёд металабад, одатан касби мардона мегӯянд. Аммо Олмахон Ғозиеваи 59-сола аз Узбекистон соҳиби чунин ҳунар аст ва ифтихор мекунад, ки маҳсули дастонаш талабгорони зиёд дорад. Танӯрсозиро аз падарарӯсаш омӯхтааст.