Оташсӯзӣ дар соҳили Каспий чаҳор рӯз боз идома дорад
Дар вилояти Атирауи Қазоқистон, дар соҳили баҳри Каспий (Хазар) чаҳор рӯз аст, ки оташсӯзӣ идома дорад. Субҳи 9 июл мақомоти Қазоқистон гуфтанд, оташ майдони 690 ҳектарро фаро гирифтааст.
Аз 7 июл ба ин сӯ дар Атирау ҳавои гарм ҳукмфармост - гармии ҳаво рӯзона то 42 дараҷа мерасад. Оташсӯзӣ рӯзи 6 июл шуруъ шуд.
"Аз бӯи дуду оташ наметавонем ба кӯча бароем. Шамол ҳам намевазид, ки дудро пароканда кунад. Ҳар сол чунин ҳолат рух медиҳад. Соли гузашта ҳокими вилоят аз сокинони деҳа барои хомӯш кардани оташ кӯмак хоста буд", - нақл кард сокини деҳаи Алгабас Қурмонбек Омирзақов. Ин деҳа дар наздикии макони оташсӯзӣ ҷойгир аст.
Оташсӯзӣ дар соҳили Каспий, дар ҳудуди вилояти Атирау зиёд рух медиҳад. Соли 2008 дар натиҷаи оташсӯзӣ шаҳри Атирау, маркази маъмурии вилояти Атирау чанд рӯз зери дуди ғализ буд.