Марги сарбози қирғиз дар Бодканд таҳқиқ мешавад
Додстонии кулли Қирғизистон марги сарбозеро таҳқиқ мекунад, ки дар қисми низомие дар вилояти Бодканди он кишвар - ҳаммарз бо Тоҷикистон кушта шудааст.
Вазорати мудофиаи Қирғизистон гуфт, сарбоз банохост худро парронда ва дар натиҷаи истифодаи нодурусти аслиҳа фавтидааст.
Қурманқул Зулушев, додситони кулли Қирғизистон хабар дода буд, ки парвандаи чаҳор кушташуда дар неруҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар соли 2022 ҳамчун худкушӣ сабт шудааст.
Аммо наздикони сарбозони фавтида ба худкушии онҳо бовар надоранд.