Собиқ сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон даргузашт
Жаниш Рустенбеков, собиқ сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон дар синни 74-солагӣ даргузашт. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи марги Рустенбеков хабар дода, аммо сабаби марги ӯро нагуфтааст. Расонаҳо аз қавли наздикони собиқ сафир навиштаанд, "ӯ пас аз бемории тӯлонӣ" вафот кард.