Ҷанҷоли марду зан дар Фархор ба додгоҳ рафт. ВИДЕО
Додгоҳи ноҳияи Фархор қаҳрамони ба истилоҳ манфии як видеоеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси доманадореро барангехт, ҷарима бастааст. Бегаҳмад Назаровро барои задан ва осеб расондан ба ҳамсояаш Моҳихубон Тилавова ҷазои маъмурӣ доданд, вале ҷабрдида мегӯяд, розӣ нест.