Талаби Президенти Радиои Озодӣ аз Узбекистон: таъқиби хабарнигоронро бас кунед
Иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеффрӣ Гедмин маъракаи ҳукуматии Узбекистон дар мавриди тарс додани хабарнигорон ва бадномсозии Радиои Озодӣ танқид кард. Изҳороти Ҷеффрӣ Гедмин рӯзи 11-уми июл пахш шуд.
"Мақомоти Узбекистон аз хабарнигорони мо тавассути маъракаи тарсдиҳӣ ва шиддат бахшидани сензура интиқом мегиранд. Дар ҳоле ки метавонистанд, бо хабарҳои ростин кор кунанд. Таърих нишон медиҳад, ки вақте хонандаву бинандаи мо ба иттилои ростин ниёз дорад, онро меҷӯяд", - омадааст дар изҳороти Ҷеффрӣ Гедмин.
Маъракаи бадномсозии хабарнигорони бахши узбекии Радиои Озодӣ баъди нашри таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ба роҳ монда шудааст.
Таҳқиқоти рӯзноманигорие, ки рӯзи 8-уми июл таҳти номи "Аморати Мирзиёев" нашр шуд, ошкор кард, ки аъзои хонаводаи президенти Узбекистон ҳамзамон бо соҳиб шудани мансабҳои баланди давлатӣ, бахшҳои асосии иқтисоди он кишварро зери назорат гирифтаанд.