Савринисои 23-соларо дафн карданд, аммо баҳси маргаш монд. ВИДЕО
Савринисо Сафароваи 23-соларо як моҳ пеш дафн карданд, аммо баҳсу ҷанҷоли чигуна ба марг расидани ӯ ҳанӯз идома дорад. Наздикони ин зан мегӯянд, духтари онҳо нафаҳмида зани дуввум шуд ва дар пайи фишори ҳамсари аввали шавҳар ва хонаводаи ӯ қасди ҷонаш кард.