СММ: Қарзи кишварҳои ҷаҳон ба таври рекордӣ афзудааст
Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши нави худ, ки рӯзи чоршанбеи 12-уми июл нашр шуд, эълон кард, ки ҳаҷми қарзҳои кишварҳои ҷаҳон дар соли 2022 ба рекорди 92 триллион доллар расидааст. Сабаби аслии ин афзоиш, қарзи бештар гирифтани кишварҳо барои мубориза бо буҳронҳое монанди КОВИД-19 гуфта шудааст