Толибон чор нафарро қамчинкорӣ карданд
Дар ноҳияи Пағмони вилояти Кобул бо амри додгоҳи Толибон се марду як занро шаллоқ задаанд ва ё ба истилоҳи дигар қамчинкорӣ кардаанд. Додгоҳи олии Толибон бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ҳар чаҳор нафар бо иттиҳоми фасод дастгир шуданд, вале маълум нест, ки чӣ кори хато ва ё қонуншикание кардаанд.