Русия ба рағми хости Тоҷикистон Сайёраро зиндонӣ кард
Сарфи назар аз дархости Тоҷикистон барои муҳокимаи одилонаи як зани тоҷик, додгоҳи Русия Сайёра Дусаевро ба шашуним сол зиндон маҳкум кард. Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, ҳукми модари 36-сола рӯзи 6-уми июл содир шуд ва додгоҳ ӯро ба куштани ҳамкори гурҷиаш гунаҳкор донист.