Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2023

CPJ аз Бишкек хост, монеи фаъолияти расонаҳо нашавад

0
CPJ аз Бишкек хост, монеи фаъолияти расонаҳо нашавад

Созмони байналхалқии "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" (CPJ) қарори додгоҳи шаҳрии Бишкекро дар мавриди парвандаи "Азаттик Медиа" "сабукӣ" номид.

Бо ин вуҷуд созмон гуфтааст, ки мақомот "намебоист талоши бастани радиоро мекарданд".

"Мақомоти Қирғизистон бояд ба "Азаттик" иҷозаи фаъолияти озодонаро диҳанд ва фишор ба он ва дигар расонаҳоро қатъ кунанд", - омадааст дар номаи CPJ.

Ҷеффри Гедмин, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ баъди қарори додгоҳи шаҳрии Бишкек дар мавриди бахши қирғизии радио изҳорот нашр кард.

Рӯзи 12 июл додгоҳ созиши сулҳ миёни Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон аз як тараф ва муассисаи "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз тарафи дигарро тасдиқ кард. Ба ин тартиб, қарори додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек аз 27 апрели соли ҷорӣ дар мавриди қатъи фаъолияти "Азаттик" бекор шуд.

"Бо сипос аз талошҳо ва ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ Радиои "Азаттик" расонидани иттилои саҳеҳро ба мухотабонаш идома медиҳад. Ин қароре буд ки интизорашро доштем ва ба маъмурият, усул ва стандартҳои рӯзноманигории Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мутобиқ аст", - навиштааст Гедмин.

Бар асоси қароре, ки рӯзи 12-уми июл эълон шуд, даъвои додгоҳӣ бас шуда, сомонаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ дубора дастрас мегарданд.

Баҳси ду тараф ба сари як барномаи видеоӣ дар робита ба низоъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон буд. Ба бовари мақомоти Қирғизистон, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст.

Барнома 16-уми сентябри соли 2022 ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Ҳукумати Қирғизистон моҳҳо боз аз саҳифа бардоштани ин видеоро талаб мекард, вале роҳбарияти Радиои Озодӣ ин талабро намепазируфт, чун ба меъёрҳо посухгӯ медонист.

Бино ба созише, ки ҳоло ба даст омадааст, ин видео дигар дар сомонаҳои Радиои Озодӣ дастрас нест.

Вакили бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Тимур Султонов, мегӯяд, "ба сабаби тағйирот дар санадҳои умумӣ… матолиб дар сомонаҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамешагӣ намемонанд, аз ин рӯ, видеои баҳсбарангез дигар дастрас нест."

Салкин Сарногоева, сардори як раёсати Вазорати фарҳанги Қирғизистон, гуфтааст, созиши оштиро имзо карданд, "чун видеои мавриди назар аз ҳама пойгоҳҳои "Азаттик Медиа" пок карда шуд."

"Қарори додгоҳ ҳам баромад. Мо ба Вазорати рушди рақамӣ нома мефиристем, то қарори бастани сомонаи "Аззатик Медиа"-ро бекор кунад," -- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтааст, бахши қирғизӣ “минбаъд низ ба мухотабонаш маълумоти дуруст хоҳад расонд.”

“Радиои Озодӣ имсол 70-сола шуд. Дар ин муддат мо рӯйдодҳои Қирғизистон ва ҷаҳонро саривақт ва беғаразона бозтоб додем ва ба ин кори худ идома хоҳем дод,” – афзудааст Венера Ҷуматаева, мудири бахши қирғизии Радиои Озодӣ.

Дар як соли охир вазъи озодии расонаҳо дар Қирғизистон мушкил арзёбӣ мешавад.

Ин кишвар дар гузашта ва дар муқоиса ба давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ дар мақоми нисбатан беҳтаре буд, вале дар шохиси имсолаи озодии матбуот дар қатори Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистон ҷой гирифт. Кишварҳое, ки расонаҳои озод надоранд ва хабарнигорон барои гуфтани сухани ҳақ таъқиб ва боздошту зиндонӣ мешаванд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Урганту не дали выступить на вечере памяти Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Третий этап шахматного турнира завершился в Егорьевске

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Благодаря акции МТС Банка реабилитационная помощь в России станет доступнее


Новак Джокович

Теннисист Джокович раздавал автографы в шлеме после попадания бутылкой в голову



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Происшествия

Артисту оркестра ОМОН «Авангард» ГУ Росгвардии по г. Москве Алексею Огурцову присвоено звание «Почетный деятель искусств города Москвы»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России