Овозаҳо дар бораи пайдо шудани ҷасади Исматуллоев рад шуд
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон хабарҳо дар бораи ёфт шудани ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев, муовини раиси "Ориёнбонк"-ро рад кард. Умеда Юсуфӣ, 14-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷустуҷӯи ҷасади Исматуллоев ҳамчунон идома дорад.