Як мухолифи ҳукумати Узбекистон дар Русия боздошт шуд
Пулис дар шаҳри Маскави Русия рӯзи 6 июл фаъоли ҷамъиятӣ ва блогери узбекистонӣ Фарҳодҷон Умирзоқовро аз ҷои кораш бурдааст. Додгоҳи ноҳияи Лефортови шаҳри Москва рӯзи 7 июл барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷират қарори ихроҷи ӯро аз Русия содир кард.