Як мард дар Қазоқистон бо гумони қатли духтарчаи 5-сола ҳабс шуд
Додгоҳи вилояти Туркистони Қазоқистон марди 48-солаеро, ки бо гумони куштори духтарчаи 5-сола дар деҳаи "Жибек Жолӣ"-и ноҳияи Сариағаши вилоят дастгир шудааст, ду моҳ ҳабс кард. Алайҳи ин мард бо бандҳои "Куштор" ва "Таҷовуз ба номус", парванда боз шудааст.
Хадамоти матбуотии додгоҳ иттилоъ дода, ки боздоштшуда рӯзи рух додани ҳодиса маст будааст.
Гумонбар гӯё кудакро, ки дар куча бозӣ мекард, тариқи фиреб ба хона дароварда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст ва сипас ба хотири "рӯйпуш кардани ҷиноят ӯро бо чанди зарбаи корд ба қатл расондааст".
Духтарчаи 5-сола рӯзи 13 июли имсол аз саҳни бинои зисташон дар "Жибек Жолӣ" бедарак шуд. Дертар ҷасади ӯро аз боми бинои ҳамсоя пайдо карданд. Ин ҳодиса эътирози сокинони деҳаро ба бор овард ва онҳо аз пулис талаб карданд, ки гумонбарро таслим кунад. Эътирозгарон ҳатто талош карданд, хонаи гумонбарро оташ зананд.