Расонаи чинӣ матлаб дар бораи "занони беваи тоҷик"-ро пок кард
Як расонаи маъруфи чинӣ, гузориши худ дар бораи занони бева ё худ бешавҳари Тоҷикистонро аз сомонааш пок кардааст. Сомонаи хабарӣ ва тиҷоратии Чин бо номи Sohu (搜狐网) моҳи майи имсол дар гузорише навишт, “Дар Тоҷикистон зиёда аз 800 ҳазор зан “бева” (бешавҳар) ҳастанд”.