Дар Узбекистон корхонаҳои муштарак бо Русия афзоиш ёфтааст
Оҷонси омори Узбекистон мегӯяд, давоми 5 моҳи соли равон дар ин кишвар 1300 ширкати муштарак бо сармояи хориҷӣ таъсис дода шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, 376 тои ин ширкатҳо бо сармояҳои соҳибкорони рус ташкил шудааст.
Ҳамин тариқ Русия аз нигоҳи теъдоди корхонаҳои муштарак дар Узбекистон мақоми аввалро касб мекунад. Чин (245) дар мақоми дувум ва Туркия (121) дар мақоми севум қарор доранд.
Тибқи ҳисоби оҷонс, теъдоди ширкат ва корхонаҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ дар Узбекистон то 1 июли соли равон дар маҷмӯъ ба 12 ҳазору 807 расидааст. Аз ин миён, 2884 корхона ба Русия, 1823 корхона ба Чин, 1771 корхона ба Туркия ва 957-тои боқӣ ба Қазоқистон тааллуқ доранд.