"Арқоми хушку холӣ, дағалӣ, иҷозаи савол надодан". Изҳороти ҷомеаи рӯзноманигорӣ
Шаш созмони рӯзноманигорӣ аз Дастгоҳи иҷроияи президент ва Додситонии кулл хостанд, назорат аз болои нишастҳоро пурзӯр кунанд. Дар изҳорот омадааст, нишастҳои матбуотӣ "на танҳо қолабӣ шудаанд, балки моҳияти худро низ аз даст додаанд: мансабдорон танҳо арқоми хушку холиро пешниҳод мекунанд."