Эмомалӣ Раҳмон аз додрасҳо хост, адолатро риоя кунанд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз додрасҳо хостааст, ки адолатро риоя кунанд ва парвандаҳоро шаффоф баррасӣ кунанд. Ин ҳарфро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми июл ҳангоми суҳбат бо додрасҳо гуфтаат, ки тоза фармони корашон содир шудааст.