Туркия мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро пурзӯр кард
Мақомоти интизомии Туркия давоми чанд рӯзи ахир дар як қатор муассиса ва корхонаҳо "рейд" гузаронида, ҳазорон муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт кардаанд.
Телевизиони туркии “Аҳабер” рӯзи 16 июл дар як гузориши худ қайд кард, ки "рейдҳо"-и маъмурони пулиси ин кишвар барои ошкор ва боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар як моҳи ахир ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
"Рейдҳо" асосан дар шаҳри Истанбул ва минтақаҳои сайёҳӣ сурат гирифтаанд.
Санҷиши муҳоҷирон дар Туркия дар ҳолест, ки президент Раҷаб Эрдуғон дар як изҳороти худ гуфт, шаҳрвандони кишвараш дар рӯзҳои наздик тағйиротеро дар масъалаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ эҳсос хоҳанд кард.
Ин изҳороти Эрдуғон баъди баргашти ӯ аз саммити НАТО дар Литва садо дод.