Парвандаи рӯзноманигорони узбек пушти дарҳои баста баррасӣ мешавад
Додгоҳи ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканди Узбекистон 18 июл баррасии парвандаи рӯзноманигорони канали телеграмии "Kompromatuzb"-ро оғоз кард. Ба иттилои хабаргузории " Kun.uz", баррасии парванда бо дархости гумонбарон пушти дарҳои баста баррасӣ мешавад.
Дар доираи ин парванда рӯзноманигор Хуршед Далиев, собиқ сухангӯи ширкати"Узбекнефтегаз" Сиёвуш Ҳошимов, сухангӯи пешини Вазорати шуғли аҳолии Узбекистон Мавҷуда Мирзоева ва як нафари дигар дар курсии айбдорӣ нишастаанд.
Расонаҳо охирҳои моҳи январи имсол хабар доданд, ки мудири хабаргузории "Human.uz" Хуршед Далиев ва сармуҳаррири он Муслим Мирзоҷонов боздошт шудаанд. Дертар маълум шуд, сухангӯи пешини Вазорати шуғли аҳолӣ ва коҳиши фақри Узбекистон Мавҷуда Мирзоева ва собиқ сухангӯи ширкати "Узбекнефтегаз" Сиёвуш Ҳошимов дастгир гаштаанд. Гуфта мешавад, Аҳмадулло Аҳмадҷонов низ яке аз гумонбарон аст.
Зидди гумонбарон бо бандҳои "туҳмат, тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон, пулшӯӣ ва саркашӣ аз пардохтӣ андоз" айб эълом гашта, дороӣ ва ҳисобҳои бонкии онҳо ҳабс шудааст.
Дар доираи парванда 19 кас ҷабрдида ва 10 нафар даъвогар эътироф гаштааст. Ҳаҷми зарар 5,14 млрд сӯм гуфта мешавад.