Мудири мактаб ба дастдарозӣ нисбати хонанда муттаҳам шуд
Мудири як мактаб дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба дастдарозӣ ба як хонандаи мактаб муттаҳам мешавад. Парванда нисбати ин марди 62-сола аз тарафи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон тафтиш шуда, дар назар аст рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол шавад. Пайвандони мудири мактаб иттиҳомро беасос медонанд.