Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷҷи умра кардааст
Дар ҳоле, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд, президент бори панҷум ҳаҷҷи умраро адо кардааст. Дафтари матбуоти президент навишт, оқои Раҳмон маносики ҳаҷҷи умраро адо карда, бори дигар дохили хонаи Каъба, қиблаи мусалмонон шуд.