Додгоҳ "Памир дейли нюс"-ро баст. Масъулин: Мо хоре дар чашми мақомот ҳастем
Додгоҳи олии Тоҷикистон сомонаи «Памир дейли нюс”-ро, ки асосан таҳаввулоти Вилояти Бадахшонро инъикос мекард, мамнуъ эълон кард. Масъулини сомонаи “Памир дейли нюс” ин тасмими мақомотро маҳкум карда гуфтанд, ба корашон идома медиҳанд.