Русия 130 муҳоҷири қирғизро ихроҷ кардааст
Дар натиҷаи амалиёти "Нелегал" 130 шаҳрванди Қирғизистон аз шаҳр ва вилояти Маскав ба кишварашон ихроҷ шудаанд.
Дар ин бора бахши русии Радиои Озодӣ 19-уми июл бо истинод ба консули Қирғизистон дар Маскав Манас Жолдошбеков хабар додааст.
"Ин амалиёт асосан дар Маскав ва Санкт-Петербург гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ 130 шаҳрванди Қирғизистон аз Маскав ихроҷ шудааст",-гуфтааст Манас Жолдошбеков.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дода буд, ки дар натиҷаи амалиёти "Нелегал" ҳудуди ҳафт ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуда, алайҳи чанд ҳазор каси дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.