Эътироз ба ҳиҷоби иҷборӣ дар Эрон. "Ҷаҳон бояд ин одамони пастфитратро бинад." ВИДЕО
Дубора оғоз шудани гашти пулиси ахлоқ дар Эрон, ки либоспӯшии занонро назорат мекунад, норозигиҳо дар ин кишвар зиёд кардааст. Кори пулиси ахлоқ, пас аз марги Маҳсо Аминӣ дар моҳи сентябри соли 2022 боздошта шуд. Аминии 22-сола ба риоя накардани ҳиҷоб айбдор мешуд.