Баҳси ҳаҷ дар Тоҷикистон. Чаро сокинон фиреб мехӯранд?
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, алайҳи ду нафаре парванда боз кардааст, ки бо ваъдаи ба ҳаҷ бурдан аз сокинон маблағ гирифтанд. Манобеи Озодӣ гуфтанд, Фирдавс Фирдавсови 19 ва Наврӯз Ҳасанови 25-сола ба азхуд кардани ҳудуди 4 миллион доллар муттаҳам мешаванд.