Сафорати Шветсия дар Бағдодро оташ зада, сафирашро ронданд. ВИДЕО
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамлаи эътирозгарон ба Сафорати Шветсия дар Бағдодро шадидан маҳкум кард ва аз неруҳои амниятии Ироқ ба далели ҷилавгирӣ накардан аз ҳуҷуми муътаризон ба ин макони дипломатӣ интиқод кард. Садҳо тан субҳи 20-уми июл ба Сафорати Шветсия ҳуҷум карданд.