Ронандае, ки зери чархи мошинаш зани роҳрӯб ҷон дод, боздошт шудааст
Мақомот як ронандаи ҷавонро, ки дар пахш ва куштани зани роҳрӯб бо мошини сабукрав дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии Душанбе гумонбар мешуд, боздошт кардаанд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Умарҷон Раҷабов, сокини шаҳри Душанбе, субҳи 23-уми июл як зани роҳрӯбро пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Ин зани 54-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Назари пайвандони ронанда ба ин ҳодиса маълум нест, вале РВКД дар хабараш гуфтааст, ки Умарҷон Раҷабов ба ин зан кумак нарасондааст ва аз ҷойи ҳодиса фирор карда, пинҳон шудааст.
Додситонӣ ин ҳодисаро тафтиш дорад. Ҳанӯз маълум нест, ки ин ронанда дар кадом ҳолат зани роҳрӯбро пахш кардааст.
Дар гузашта низ кушта шудани занони роҳрӯб бар асари чунин садамаҳо сабт шуда буд. Мақомот далели аксари чунин садамаҳоро суръати баланд ва дар ҳолати мастӣ қарор доштани ронандагон унвон мекунанд.