Дар садамае дар Хатлон шаш нафар, аз ҷумла се кӯдак ҳалок шудаанд
Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мошинеро, ки бар асари садама ба рӯдхонаи Ёвонсӯ сарозер шуда буд, аз об берун карданд.
Рӯзи 22-уми июл мошине дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба рӯдхонаи Ёвонсӯ афтодааст ва шаш нафар мусофирони он, аз ҷумла се хурдсол, ба ҳалокат расиданд.
Ҳакималӣ Боймуҳаммадзода, сардори Шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади чор нафар бо мошин пайдо шуд ва ҷасади ду нафари дигарро ҷустуҷӯ доранд.
Дар навори виедеоие, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, сокинон талош доранд, ҷасадҳо ва мошини тахрибшударо аз об берун оранд.
Сабаби садамаро мақомот таҳқиқ доранд.
Як сокини ноҳияи А. Ҷомӣ бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, мошине, ки ба садама дучор шуд, барои итоат накардани ба амри нозирони БДА аз ҷониби нозирон таъқиб мешуд ва эҳтимол ҳангоми фирор бо суръати баланд ба садама дучор шудааст.
Дар Тоҷикистон садамаҳои пурқурбонӣ ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст. Ҳамарӯза аз гушаву канори кишвар хабари ҳалокати сокинон дар садамаҳои нақлиётӣ расонаӣ мешавад.
Рӯзи 2-уми июл дар садамае дар ноҳияи Файзобод 11 нафар ба ҳалокат расида, 4 каси дигар маҷруҳ шуданд.
Нашрияи “Қонун ва ҷомеа”-и ВКД пештар навишта буд, дар се моҳи аввали имсол тақрибан ҳар рӯз як нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҳалок шудааст.