Манобеъ: низомиёни қирғиз барои чанд соат роҳ ба самти Ворухро бастанд
Сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон шикоят доранд, ки рӯзи 24 июл низомиёни қирғиз ва сокинони деҳаи Оқсой ягона роҳ ба самти Ворухро бастаанд. Идораи марзбонии Қирғизистон гуфтааст, аз ҷониби постгоҳи Тоҷикистон садои тир омад ва ҳоло вазъият ором аст.
Ҳадди ақал се ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар шаҳри Исфара гуфтанд, аз нимарӯзи 24 июл то соати 9-и шаб роҳ аз Ворух ба самти шаҳри Исфара, ки аз миёни деҳаи Оқсой мегузарад, баста буд. Як ҳамсуҳбати мо гуфт, низомиёни қирғиз дар роҳ истодаанд ва сокинон ба самти мошинҳои Тоҷикистон санг партофтанд. "Аз тарафи мо се кас маҷруҳ шуд",-гуфт ҳамс=ҳбати мо. Радиои Озодӣ феълан наметавонад мустақилона ин хабарро тасдиқ кунад.
Неруҳои марзбонии Қирғизистон бо пахши изҳороте гуфтааст, видео аз тирпарронӣ дар марз бо Тоҷикистон "ҳақиқат надорад". Дар ҳоле, ки ҷониби Тоҷикистон то ҳол расман дар ин бора чизе нагуфтааст, Идораи марзбонии Қирғизистон гуфтааст, аз тарафи постгоҳи "Плотина"-и-Тоҷикистон ду маротиба садои тир шунида шуд.
"Дар ин рӯз фавран вохӯрии мақомоти марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷониби Тоҷикистон иттилоъ дод, ки сарбози қаторӣ дар вақти тафтиши яроқ тасодуфан ду маротиба оташ кушодааст. Захмиён нестанд",-омадааст дар изҳороти Идораи марзбонии Қирғизистон.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора расман чизе нагуфтаанд ва тасдиқи дурустии вазъият мушкил аст.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки наздики 300 километраш то ҳол муайян нашудааст, солҳост ба макони низоъ миёни сокинон ва низомиён табдил шудааст. Ду тараф ба сари обу замин ва чарогоҳ борҳо бо ҳам муноқиша кардаанд ва ҳамеша якдигарро дар сар задани ҳодисаҳо гунаҳкор мекунанд. Дар ду муноқишаи хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рух дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.