Рӯзноманигори қазоқ Амангелдӣ Батирбеков аз ҳабс озод шуд
Додгоҳи маъмурии вилояти Туркистони Қазоқистон рӯзи 23 июл сармуҳаррири нашрияи "Сариағаш-информ" Амангелдӣ Батирбековро аз ҳабс озод кард. Батирбеков бо айби "туҳмат" 20 рӯз ҳабс шуда буд. Вай ин қарорро ғайриқонунӣ медонад.
"Додгоҳи вилоятӣ шикояти маро қонеъ накард. Ба зинаи болоӣ шикоят мебарам. Муборизаро идома медиҳам", - гуфт Батирбеков.
Пештар созмони байналхалқии Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки муҳаррири рӯзномаи "Сариағаш-информ" Амангелдӣ Батирбековро аз ҳабс озод кунанд.
Дар изҳороти созмон, ки рӯзи 10 июл нашр шуда буд, ҳабси 20 рӯзи маъмурии рӯзноманигор "нигаронкунанда" унвон шудааст. Батирбеков пеш аз ин чанд маротиба бо айби "туҳмат" ҳабс шуда ва ибтидои соли ҷорӣ ба ҷони ӯ суиқасд сурат гирифта буд.
Додгоҳи вилояти Туркистон Батирбековро бо айби "туҳмат кардан" 20 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифт. Пештар аз ин Батирбеков дар бораи эҳтимоли даст доштани вакили порлумони Қазоқистон Болатбек Наҷмиддинов ба фасод дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар навишт.
Вакили порлумон ба додгоҳ муроҷиат ва рӯзноманигорро дар туҳмат задан айбдор кард.
Амангелдӣ Ботирбеков рӯзноманигори фаъол дар ҷануби Қазоқистон мебошад. Вай борҳо ба фишори мақомот рӯ ба рӯ шудааст.