Вазирони мудофиаи Тоҷикистону Туркия созишнома имзо карданд
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва ҳамтои туркаш Яшар Гулер рӯзи 26-уми июл дар Истамбул созишномаи ҳамкориҳои дифоиву молии миёни Тоҷикистону Туркияро имзо карданд.
Ба навиштаи матбуоти туркӣ, инчунин протоколи ёриҳои молии миёни ду кишвар ҳам дар ин дидор имзо шудааст.
Маросим дар ҳошияи намоишгоҳи байналмилалии саноати дифоии IDEF-2023 дар Истамбул барпо шуд, ки онро Бунёди қувваҳои мусаллаҳи Туркия ташкил кардааст.
Ҷузъиёти созишнома ва ҳам ҳаҷми маблағи пулие, ки дар ин санадҳо зикр шудааст, нашр намешавад.
Туркия солҳои охир дар тавлиди силоҳу муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин ё дрон пешрафт кардааст.