Дар Олтой дар натиҷаи суқути чархбол 4 кас ҷон бохт
Дар Олтойи Русия дар натиҷаи суқути чархболи Ми-8 чаҳор кас ҷон бохтааст.
Бино ба хабарҳо, чархбол ҳангоми нишастан ба сими барқ бархӯрдааст.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия мегӯяд, дар чархбол 16 кас, аз ҷумла 3 халабон ҳузур дошт. Афроди дигар дасту пояшон шикаста ва сӯхтаанд.
Ин чархбол ба ширкати "Олтой авиа" марбут буд. Ширкати мазкур хадамоти сайёҳӣ анҷом медиҳад.