Толибон умедворанд, ки Амрико онҳоро мебахшад
Толибони Афғонистон умедворанд, ки дар муколамаи навбатии онҳо бо ИМА бекор шудани таҳримҳову боз шудани ҳисобҳои Бонки марказӣ ва ҳам аз феҳристи сиёҳи СММ берун шудани исми онҳо баррасӣ мешавад.
Қарор аст ҳафтаи ҷорӣ дар Давҳаи Қатар ҳайате ба раҳбарии Том Вест, намояндаи вижаи ИМА оид ба Афғонистон бо намояндагони маъмурияти Толибон дидор ва гуфтугӯ мекунанд.
Дар ин сафар инчунин Рино Амирӣ, фиристодаи вижа оид ба масоили занону духтарон ва масоили ҳуқуқи башар дар Афғонистон ҳузур хоҳад дошт. Раҳбарии ҳайати Толибонро Амирхон Муттақӣ ба ӯҳда мегирад.
Департаменти давлатӣ гуфт, мақомоти амрикоӣ бо Толибон ва “технократҳои касбӣ” дидору гуфтугӯ мекунанд ва “ба масоили кӯмаки башарӣ ба Афғонистон, эътидоли иқтисодӣ, муносибати одилона ва шоиста бо ҳамаи афғонистониҳо, аз ҷумла занону духтарон, масоили амниятӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бартарӣ дода мешавад.”
Ин мулоқот дар ҳолест, ки дирӯз дар Қазоқистон Том Вест ва Рино Амирӣ бо намояндагони вазоратҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардаанд.