Ҷасади як зани сокини Норакро овехта пайдо кардаанд
Ҷасади як зани 22-соларо дар Норак дар оғили хонаи шавҳараш овехта пайдо кардаанд.
Ҳодиса рӯзи 22-уми июл сабт шудааст.
Мақомот ҳанӯз сабаби марги Хайриниссо Ҳайдарова, сокини деҳаи Лангари шаҳри Норакро эълон накардаанд.
Як тан аз пайвандони ӯ, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 28-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби марги хоҳараш барои онҳо муаммо аст.
Хушдомани ин зан гуфтааст, рӯзи ҳодиса ӯ хушҳол буд ва аз чизе шикоят надошт.
Аксари чунин ҳодисаҳоро мақомот худкушӣ унвон мекунанд.
Дар гузашта барои ба худкушӣ расонидани келини хонадон хушдоманҳо ва шавҳарони онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд.