Дар Қазоқистон сабаби сирояти HIV ба се беморро маълум кардаанд
Тафтиши мақомот дар Қазоқистон маълум кардааст, ки сабаби сирояти бемории норасоии масунияти бадан (HIV) ба се бемор дар шифохонаи марказии шаҳри Алмаато саҳлангории табибону парасторон будааст.
Ба гуфтаи мақомот, риоят накардани қоидаҳои беҳдоштӣ сабаб шудааст, ки ба се бемор, хуни олуда ба вирусро гузаронанд. Бинобар ин ҳодиса, Наримон Табунбоев, сартабиби шифохонаи марказии Алмаато, бузургтарин шаҳри Қазоқистонро аз мақомаш барканор кардаанд.
Айни ҳодиса дар гузашта ҳам дар Қазоқистон иттифоқ афтодааст. Соли 2006 дар шифохонаи Вилояти Қазоқистони ҷанубӣ ба сабаби гирифтани хуни олуда бештар аз 50 кӯдак ба бемории вируси норасоии масунияти бадан мубтало гаштанд.