Қонуни нави такси дар Русия. Маълумот дар бораи мусофирон ба дасти ФСБ меравад
Дар Русия аз 1 сентябр қонуни нави такси ба иҷро даромад. Ин қонун аз операторҳои ширкатҳои такси талаб мекунад, ки маълумот дар бораи сафарҳои мусофиронашонро дар ихтиёри ФСБ – Хадамоти амнияти федеролӣ гузоранд.
Ширкатҳо ҳақ надоранд, ки ҳамкориашонро бо ФСБ ошкор кунанд. Бар асоси қонун, дастрасӣ ба сервисҳои ширкатҳои такси бояд фосилавӣ ва шабонарӯзӣ таъмин шавад. Ширкатҳои такси маълумот дар бораи фармоишҳои муштариҳояшонро бояд то ним сол дар як маҷаллаи махсусе ҳифз кунанд.
Бар асоси қонуни нав, ронандаҳои нави такси бояд нафароне бошанд, ки доғи судӣ надоранд ва агар ҷаримабандӣ шудаанд, бояд ин қарзҳояшонро пардохта бошад. Кори як ронандаи такси набояд бештар аз 12 соат тӯл кашад ва ширкатҳо бояд ҳатман дар минтақаҳои кор дафтари намояндагӣ боз кунанд. Қонуни нави такси декабри соли 2022 қабул шуд.
Ширкати маъруфи "Яндекс.Такси"-ро, ки дар Қирғизистону Узбекистон ҳам хеле фаъол аст, чандин бор барои дар ихтиёри хадамоти махсуси Русия вогузор кардани маълумот дар бораи муштариҳо интиқод кардаанд.
Дар Русия бисёр муҳоҷирони корӣ аз ҷумла чун ронандаҳои такси кор мекунанд.