Пешгирӣ аз убури ғайриқонунии 246 кас аз Беларус ба Латвия
Мақомоти Латвия рӯзи 10-уми сентябр монеи гузаштани 246 нафар аз сарҳади Беларус ба ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо шудаанд.
Мақомоти Латвия рӯзи 10-уми сентябр монеи гузаштани 246 нафар аз сарҳади Беларус ба ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо шудаанд.
Қатораи роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин ба тарафи Русия раҳсипор шудааст. Дар ин бора аввал Оҷонсии «Рёнхап» бо такя ба ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ хабар дод. Дертар мақомоти Маскав ва Пхенян, вохӯрии Владимир Путин ва Ким Чен Инро тасдиқ карданд.
Дар намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар чанд шаҳри Русия муҳоҷиронро тафтиш карда, онҳоеро, ки шиносномаи русӣ доранд, барои сабти ном ба комисарриатҳои ҳарбӣ бурданд. Сар аз моҳи май боздошту фишор ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия давом дорад.
Дар Русия муҳоҷиронро дар ҷойи кор ва ибодаташон боздошту азият мекунанд
Намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Душанбе нархҳоро каме поин бурд .
Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааед, ки фаъоли мухолифин Низомиддин Насриддиновро раҳо кунад, Тоҷикистон назорати марз бо Афғонистонро таҳким мебахшад, боздошти муҳоҷирон дар масҷиди Русия ва матолиби дигар.
Бо оғози соли нави таҳсил шикоят аз камбуди китоби дарсӣ афзоиш ёфтааст
Вакили дифои Ҷонболат Мамай, раиси Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон ба Додгоҳи конститутсионии он кишвар шикоят бурдааст. Мамай ба "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" муттаҳам мешавад.
Раиси Федератсияи футболи Испания Луис Рубиалес рӯзи якшанбе гуфт, аз мақомаш истеъфо медиҳад.
Баъди дубора ба қудрат расидани Толибон, Тоҷикистон шумораи дидбонгоҳҳоро дар сарҳад бо Афғонистон бештар кардааст.
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, мансабдоре, ки дар ноҳияи Ала-Букини ин кишвар аз шаҳрвандони Узбекистон пора талаб карда буд, дастгир шудааст.
Бозии даври аввали марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар рӯзи сешанбеи 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати 21:00 оғоз меёбад.
Вазири энергетикаи Қирғизистон Таалайбек Ибраев 11-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар зимистони имсол эҳтимоли қатъи интиқоли нерӯи барқ ба сокинони он кишвар вуҷуд дорад.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардаанд, ки иттиҳоми зидди фаъоли сиёсӣ Низомиддин Насриддиновро бекор ва ӯро озод кунанд.
Русия ва Амрико гуфтугӯро барои табодули зиндониён идома медиҳанд. Ба навиштаи The Wall Street Journal, Иёлоти Муттаҳида номи Алексей Навалний, мухолифи сарсахти президент Владимир Путинро ба рӯйхати зиндониёне даровардааст, ки бояд иваз карда шаванд.
Бозии мавқуфмондаи даври 13-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни ду дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол»-и Душанбе ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе - бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт.
Баъди дубора ба қудрат расидани Толибон, Тоҷикистон шумораи дидбонгоҳҳоро дар сарҳад бо Афғонистон бештар кардааст.
Як гуруҳ аз муҳоҷирони Узбекистон, ки дар сохтмонҳои шаҳри Маскав кор мекарданд, мегӯянд, ширкати бинокории "R-1" онҳоро фиреб додааст.
Дар ҳавзаи якмандатии Ленини шаҳри Бишкек 10 сентябр интихоботи такрории порлумонӣ баргузор шуд.
Аз қадамҷойи Мирзо Турсунзода, шоири мардумӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон, танҳо осорхонааш дар маркази Душанбе ва кулбае дар зодгоҳи ӯ, деҳаи Қаратоғ мондааст. Манзили нахустинашро дар пойтахт вайрон мекунанд ва бӯстонсарояшро ба каси дигар додаанд.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости