Дар Қазоқистон як сомонаи марбут ба ҳукумати ИМА-ро бастанд
Расонаҳои Қазоқистон хабар медиҳанд, ки дар ин кишвар сомонаи Бюрои саноат ва амнияти вазорати тиҷорати ИМА баста шудааст.
Дар сомонаи вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон омадааст, ки сомонаи https://www.bis.doc.gov барои "паҳнсозии иттилои бардурӯғ баста шудааст". Маълум нест, ин сомона чӣ хабари бардурӯғ нашр сохтааст.
Пештар аз ин расонаҳои Қазоқистон навишта буданд, ки "бастани сомонаи ҳукуматии ИМА ба он рабт мегирад, ки он сомона навишта буд, Қазоқистон дар давр задани таҳримҳо ба Русия кӯмак мерасонад".
Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон гуфтааст, дар сурати тафтиши такрорӣ ва ошкор нашудани қонуншиканӣ сомона дубора дастрас хоҳад шуд.