Қирғизистон содироти бедаву биринҷро манъ кард
Девони вазирони Қирғизистон содироти беда (коҳу алаф барои чорво) ва биринҷро ба хориҷ аз кишвар манъ кард.
Ба иттилои вазорати кишоварзии Қирғизистон, манъи содироти ин маҳсулот шаш моҳ давом мекунад. Аммо ин қарор ба бозсодирот, транзит ва кӯмаки башардӯстонае дахл надорад, ки аз сӯи девони вазирон расонида мешавад.
Охири моҳи июли соли ҷорӣ вазири кишоварзии Қирғизистон Аскарбек Жанибеков гуфта буд, ҳаҷми захираи ғизои чорво 30 дарсад камтар аз талабот аст. Ба ин далел, вай пешниҳод карда буд, ки содироти он ба хориҷ манъ шавад.
Пештар аз ин чорводорон дар бархе аз ноҳияҳои Қирғизистон шикоят карда буданд, ки ба сабаби гармои ҳаво ҳосили алаф хуб нашудааст. Дар натиҷа бархе аз онҳо чорвоҳои худро фурӯхтаанд.