КДАМ мегӯяд, се ҷангҷӯи "Ансоруллоҳ"-ро дар Дарвоз куштааст
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз кушта шудани се тан аз аъзои гурӯҳи "Ансоруллоҳ", ки бо ҳадафи "анҷоми амалҳои террористӣ" аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон убур карда буданд, хабар дод. Ба гуфтаи мақомот, аз ин афрод миқдори зиёди силоҳ ҳам мусодира шуда, паноҳгоҳи онҳо аз байн бурда шуд.