Путин бо роҳбари Кореяи Шимолӣ вомехӯрад
Қатораи роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин ба тарафи Русия раҳсипор шудааст. Дар ин бора аввал Оҷонсии «Рёнхап» бо такя ба ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ хабар дод. Дертар мақомоти Маскав ва Пхенян, вохӯрии Владимир Путин ва Ким Чен Инро тасдиқ карданд.