Даргузашти писари Мирзо Турсунзода
Масъуд Турсунзода, писарии калонии Мирзо Турсунзода, шоири шинохта ва Қаҳрамони Тоҷикистон, субҳи 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ чанд соли ахир аз бемории қанд ранҷ мебурд. Ӯро дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок месупоранд.
Масъуд Турсунзода солҳои тӯлонӣ раиси Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе буд.
Ду сол қабл Парвиз Турсунзода, писари хурдии Мирзо Турсунзода бар асари сактаи қалбӣ фавтида буд. Аз фарзандони Мирзо Турсунзода ҳамакнун Фирӯза Турсунзода, фарзанди калонии ин шоири шинохта дар қайди ҳаёт аст.
Устод Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаротоғи водии Ҳисор ба дунё омада, то замони вафоташ дар соли 1977, тайи беш аз ду даҳсола раиси Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон буд. Осори Турсунзода, аз қабили "Садои Осиё", "Ҷони ширин", силсилаи ашъори ба модар бахшидаи ӯ ва "Қиссаҳои Ҳиндустон" бо забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума ва нашр шудаанд.