Селобҳо дар Либия. Ҳазорон нафар ҷон бохтанд ва ҳазорон тани дигар нопадид шуданд
Тибқи гузоришҳо, бар асари тӯфон ва селобҳои ахир дар Либия ҳазорон нафар ба ҳалокат расида, ҳазорон каси дигар нопадид шудаанд. Ба гуфтаи масъулини ниҳодҳои беҳдоштии шаҳри Дерна, дастикам 2300 нафар дар ин офати табиӣ ба ҳалокат расидаанд. Бархе расонаҳо шумораи ҷонбохтагонро бештар аз 5 ҳазор нафар гуфтанд.